Таҷлили Рӯзи Модар дар ДДХ

Март 10, 2015 15:38

Душанбе, 10.03.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо иштироки устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба муносибати Рӯзи модар чорабинии тантанавӣ доир гардид. 
Ректори доншгоҳ Анвар Мақсудов кулли духтарон, занон ва бонувони донишгоҳро табрик намуда, афзуд, ки  аз ҳастии пайкари бузурги модар ба дили кас қуввату мадор, тавоноиву қарор ва меҳру муҳаббати беканор пайдо мегардад. Модарон беҳтарин пушту паноҳ, арзандатарин ҳастии ҳаёт, равшанидиҳандаи ҳар як хонадонанд.
Ҷоиз ба таъкид аст, ки имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз ҳисоби занҳои фаъолу кордон 1 нафар ноиби ректор,  7 нафар сардор ва мудирони шуъбаҳои Раёсати донишгоҳ, 4 нафар декани факултаҳо, 20 нафар ҷонишини декан, 27 нафар мудири кафедра дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият дорад. Гузашта аз ин аз миёни 15 ҳазор донишҷӯ наздик ба 10 ҳазор нафарашро духтар ташкил медиҳад.  

Март 10, 2015 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд