Таҷлили Соли оила дар сатҳи баланд

Март 16, 2015 15:19

Душанбе, 16.03.2015.(АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Ҳафтаи гузашта дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдуҷаббор, сардори Раёсати рушди иҷтимоӣ Г.Туманова, кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оила, муовинони раисон ва сардори раёсат, шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ машварати корӣ вобаста ба эълон намудани Соли оила доир гардид.
Мақсади машварат дар сатҳи баланд доир гардидани Соли оила буда, инчунин ба масъулини соҳа барои пешгирии ҳодисаҳои номатлуб байни занон, паст кардани сатҳи пошхӯрии оилаҳо, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, пешгирии никоҳҳои хешутаборӣ, пеш аз издивоҷ аз ташхиси тиббӣ гузаштани ҷавонон ва фарҳанги либоспӯшии бонувон дастуру супоришҳо дода шуданд.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдуҷаббор оид ба масъалаҳои мазкур ҷиҳати бартараф намудани омилҳои номатлуби ҷомеа  пешниҳодҳо ироа намуд.
Ҳамзамон аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ даъват шуд, ки занон барои дар сатҳи баланд таҷлил гардонидани Соли оила, баланд бардоштани масъулияти занону модарон дар тарбияи фарзанд, тарбияи зеҳнию маънавии оилаҳо пешниҳодҳои Сарвари давлатро ҷонибдорӣ ва сармашқи кори ҳамарӯзаи худ қарор диҳанд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Март 16, 2015 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд