Тантанаҳои марказии наврӯзӣ дар шаҳри Хуҷанд
Душанбе, 22.03.2015. (АМИТ «Ховар»).-Бегоҳии имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз майдонҳои варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд бо дастаи чавгонбозони тоҷик шинос шуда, бозии намоишии онҳоро тамошо намуд.Чунонки иттилоъ дода шуд, ин бозии миллии тоҷикӣ, ки солҳои охир дар Тоҷикистон аз миён рафта буд, ҳоло дар ҳамкорӣ бо Федератсияи чавгони Ҷумҳурии Исломии Эрон дубора эҳё мегардад.Ба хотири эҳёи ин намуди бозӣ, тарғибу ташвиқи он дар миёни ҷавонон ва рушди минбаъдааш дар вилояти Суғд тасмим гирифта шудааст, ки мактаби махсуси варзишии бачагону наврасон оид ба футбол ва чавгон таъсис дода шавад.Барои омода кардани заминаи ибтидоии эҳё ва рушди чавгонбозӣ 8 нафар варзишгарони шавқманд аз вилояти Суғд давоми зиёда аз як моҳ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон даври омӯзишӣ гузашта, дорои сертификати махсуси мутахассиси ин намуд шудаанд ва ҳоло машғули ин коранд.Барои ташкили машқҳо ва бозиҳои чавгон лавозимоти зарурӣ барои 16 асп ва бозигарон аз давлати Аргентина харидорӣ шудааст.То имрӯз аллакай майдони Чавгон ва утоқҳои махсуси нигоҳубини аспҳо, машқу тамрин ва бозӣ омода шуда, корҳои омӯзишӣ ба роҳ монда шудаанд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ин иқдоми наку басо хушҳол шуда, таъкид дошт, ки ин намуди бозӣ, ки воқеан аз аҳди бостон ин ҷониб моли мардумони тоҷику ориёӣ буду ҳаст, бояд дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон эҳё шуда, рушд ёбад.Сипас Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои бошукӯҳи наврӯзӣ, ки дар майдони калони варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуда, бори дигар мардуми вилояти Суғд ва кулли Тоҷикистон ва ҳамчунин ҳамватанони бурунмарзию дигар мардумони ҷашнгирандаи Наврӯзи хуҷастапайро бо фаро расидани ин иди ҷаҳонӣ табрику таҳният гуфт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






