Тантанаҳои наврӯзӣ дар ДМИТ
Душанбе, 19.03.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Имрӯз дар варзишгоҳи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон иди байналмилалии Наврӯз бо иштироки донишҷӯёну устодон ва кормандони донишкада ва меҳмонони зиёде бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил шуд.
Ба иттилои котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева дар он устодону донишҷӯёни факултаҳо ва магистрон бо ороиши дастархони «ҳафт син», «ҳафт шин» ва «ҳафт мим» ва бо арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ гӯшаҳои махсус ташкил намуданд, ки хеле ҷолибу диданӣ буданд.
Ректори донишкада Ашурбой Солиев оид ба суннатҳои волои наврӯзӣ иброз дошт, ки: «Наврӯзи имсола аз наврӯзҳои қаблӣ бо он фарқ мекунад, ки имсол мо 5-солагии ҷаҳонишавии Наврӯзро ҷашн мегирем. Наврӯз айёми дӯстиву ваҳдат, эҳсону сахо буда, бо самимияти хосса истиқбол гирифта мешавад. Дар ин рӯз тамоми одамон на танҳо хонаву дар ва ашёи рӯзгорашонро тозаву озода менамоянд, балки қалбу ботини худро аз кинаву адоват ва хушунату бадбинӣ тоза мекунанд».
Ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода ва раиси комиҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино Наҳтулло Назаров дар бораи фазилатҳои беҳтарини Наврӯз, ҷаҳонишавӣ ва дар кишварҳои дунё бошукӯҳ ҷашнгирии он, эҳёи суннатҳои волои ниёгон ёдовар шуда, аҳли нишастро бо фарорасии Наврӯзи ҷаҳонӣ шодбош гуфтанд.
Базми наврӯзии донишкада баёнгари худшиносӣ ва эҳёи суннатҳои миллӣ, ваҳдати комил ва фарҳангпарварии иштирокчиёни он буд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






