Ташаккули тафаккури илмӣ
Душанбе, 12.03.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-11 март дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимпиадаи донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм барои дарёфти ҷоизаи «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба кори худ шуруъ намуд. Олимпиадаи мазкур дар Академияи илмҳо соли дуюм аст, ки доир мешавад.
Ба иттилои котиби матбуоти АИ ҶТ Латиф Латифов президенти Академияи илмҳо Фарҳод Раҳимӣ зикр намуд, ки мақсади асосии олимпиада баланд бардоштани шавқу ҳаваси донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омӯзиши илмҳои муосир, шиносоии бештари донишҷӯён бо кашфиёти нави илмӣ, ташаккули тафаккури илмӣ ва техникии донишҷӯён, бедор намудани шавқу завқи онҳо дар ҳалли масъалаҳои мураккаби илмӣ, баёни озодонаи фикр, аз худ намудани технологияи информатсионӣ, ҳамчунин муайян намудани донишҷӯёни болаёқат бо мақсади тавсияи минбаъда барои таҳсил дар аспирантура ва магистратура, таҳқиқоти илмӣ ҷалб намудани онҳо мебошад.
Олимпиада аз рӯи соҳаҳои зерини илм гузаронида мешавад: математика, физика, астрономия, химия, геология, технологияи иттилоотӣ, биология, иқтисодиёт, забон ва адабиёт, таърих, ҳуқуқ ва фалсафа.
Тибқи Низомнома даври якуми Олимпиада дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, дар даври дуюми он, ки дар Академияи илмҳо гузаронида мешавад, ғолибони ҷойи якум аз рӯи соҳаҳои зикршудаи илм иштирок менамоянд.
Барои ғолибони Олимпиада дар ҳар як соҳаи илм 3 ҷой муқаррар шудааст. Ба ғолибони ҷойи якум дар ҳар як соҳаи илм диплом ва «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ба ғолибони ҷойҳои 2 ва 3 дипломҳо супорида мешавад.
Даври дуюми Олимпиада 11 март доир гардида, 12 март олимпиада аз рӯи соҳаҳои илм дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи илмҳо гузаронида шуда, 13 март натиҷаҳои он ҷамъбаст мешавад. Дар даври дуюми Олимпиада аз 25 муассисаи таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб 300 нафар ғолиби даври якуми он штирок дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






