Ташрифи ҳайатҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон
Душанбе, 30.03.2015 (АМИТ «Ховар»).-31 март-2 апрели соли 2015 муовини аввали раиси Ҳукумат, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сербия, раиси амалкунандаи САҲА Ивитса Дачич ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад.
Тавре ки аз ВКХ Тоҷикистон хабар доданд, 1-2 апрели соли 2015 сафари вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Русия ва Котиби генералии СААД ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД дар назар аст.
Инчунин 1-2 апрел намояндаи махсуси Котиби генералии СММ, директори Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда Мирослав Енча ва
муовини Дабири кулли САҲА, директори Маркази пешгирии низоъҳо Адам Кобератски ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меоранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






