Таъсиси 2012 ҷойи кор дар як моҳ
Душанбе, 3.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Дар як моҳи гузашта дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 2012 ҷойи нав ва барқароршудаи корӣ ташкил шуд, ки 1477 ҷойи он марбут ба бахши хусусист. Аз ин миён 521 ҷойи кор доимӣ, 162 ҷойи кор мавсимӣ ва 1329 ҷойи кор муваққатӣ мебошад. Дар моҳи гузашта аз ҷониби Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо 257 шаҳрванди бекор ройгон ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки дар моҳи январи соли равон ба раёсат ва шуъбаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 2379 шахси бекор муроҷиат намуда, ба 1392 нафари онҳо мақоми бекорӣ дода шудааст.
Оид ба иҷрои нишондиҳандаҳои барномавӣ дар самти мусоидат ва бо кор таъмин намудани аҳолии бешуғл, мутобиқи дархости кордиҳандагон 681 нафар бекор бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






