Таъсиси 300 ҷойи корӣ дар Санкт-Петербург
Душанбе, 19.03.2015.(АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ВМКБ, Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар якҷоягӣ бо Шуъбаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Хоруғ ярмаркаи ҷойҳои корӣ гузаронид.
Дар ярмарка ҶДММ «Помирсохтмон» бо пешниҳоди 38 ҷойи кор (булдозерчӣ 5 нафар, экскаваторчӣ 1 нафар, ронанда 1 нафар, кранчӣ -1 нафар, бетончӣ- 10 нафар, устои чӯб- 6 нафар, устои пластика- 3 нафар, устои шишабур- 1 нафар, деворгар- 8 нафар, устои иншоот- 2 нафар) бо маоши аз 800 то 1000 сомонӣ иштирок намуданд.
Аз ҷониби шуъба дар асоси дархости Агентии бо кор таъминкунии вазорат ҷойҳои корӣ дар шаҳри Санкт-Петербург 300 нафар ронандаи категорияи Д, кондуктор 50 нафар, дар шаҳри Бошқирдистон 50 нафар агроном, дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон 20 нафар андовачӣ, 5 нафар гипсокартончӣ пешниҳод шуданд. Дар ярмарка ба 15 нафар роҳхат дода шуда, 9 нафар бо кори доимӣ таъмин гардид ва барои фаъолияти меҳнатии берун аз кишвар 12 нафар номнавис шуд
Инчунин дар ҳамкорӣ бо филиали Маркази таълими калонсолони шаҳри Хоруғ 30 нафар занону духтарони хонанишин ва духтарони аз Федератсияи Русия беруншуда ба омӯзиши касби дӯзандагӣ, қаннодӣ, компютер, забонҳои англисӣ ва русӣ номнавис шуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






