Татбиқи самараноки лоиҳаи «Беҳдошти сатҳи зиндагӣ дар Хатлон»
Душанбе, 12.03.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Бо мақсади татбиқи самараноки Лоиҳаи «Беҳдошти сатҳи зиндагӣ дар Хатлон» байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун агентии иҷроияи Лоиҳа, Муассисаи давлатии «Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо», ҳамчун агентии татбиқкунандаи лоиҳа ва Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ (ФАО), ҳамчун ташкилоти сафарбаркунандаи техникӣ Созишнома оид ба амалӣ намудани зерқисмати “Технологияҳои таҷрибавӣ (санҷишӣ) ва намоишдиҳӣ дар хоҷагиҳои фермерӣ” дар ноҳияҳои зер ҳадафи Лоиҳа – Муъминобод ва Шӯрообод ба имзо расид. Самтҳои қарордоди мазкур асосан омӯзиши фермерҳоро оид ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва идораи чарогоҳҳо, чорвои хонагӣ, усулҳои самараноки фаъолияти байторӣ ва сиҳатии чорво, истифодаи технологияи муосир, гузаронидани таҷрибаҳо ва тадқиқотро вобаста ба шароити маҳал дар бар мегирад. Яке аз самтҳои афзалиятноки татбиқи қарордоди мазкур аз он иборат аст, ки байторони маҳаллӣ оид ба истифодаи усулҳои муосири истеҳсолӣ ва бордоркунии сунъӣ таҷриба ва малакаи худро тақвият медиҳанд.
Мавриди зикр аст, ки Лоиҳаи «Беҳдошти сатҳи зиндагӣ дар Хатлон» бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ дар ноҳияҳои Муъминобод ва Шӯрообод самаранок татбиқ гардида истодааст ва то имрӯз як силсила чорабиниҳои зарурӣ, аз қабили таъминоти аҳолӣ бо техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ, таъминот бо чорвои зотӣ бо мақсади беҳтар намудани зоти чорвои маҳаллӣ амалӣ шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






