Тоҷикистон ҳаҷми воридоти сементро коҳиш дод
Душанбе, 27.03.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Тоҷикистон аз оғози соли ҷорӣ ҳаҷми воридоти сементро беш аз 2,5 баробар кам кард. Масалан, тайи ду моҳи аввали соли равон вуруди семент нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта баробари қариб 37 ҳазор тонна ё баробари 2,9 миллион доллар коҳиш ёфт.
Моҳҳои январ ва феврали соли ҷорӣ содироти семент 22,3 ҳазор тонна ба маблағи 2 миллиону 900 ҳазор долларро ташкил дод. Ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли гузашта баробари 59,2 ҳазор тонна ба маблағи 5 миллиону 800 ҳазор доллар буд.
Мувофиқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар, тайи ду моҳи аввали соли равон қариб 145 ҳазор тонна семент истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 баробари 59,4 ҳазор тонна ё 69,5 фоиз зиёд аст.
Ёдовар мешавем, ки соли 2014 дар кишвар беш аз 1,1 миллион тонна семент тавлид шуда буд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






