Тоҷикистону Кувайт равобити иқтисодиро густариш медиҳанд
Душанбе, 26.03.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Интизор меравад, ки нимаи дуюми соли равон дар Давлати Кувайт дуюмин ҷаласаи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ баргузор гардад.
Ин ва дигар масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон бо ин кишвари арабӣ дар меҳвари мулоқоти Зубайдулло Зубайдов -Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт ва Халифа Мусоид ал- Ҳамода -муовини аввали вазири молия ки ҳамзамон раисии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Кувайт оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникиро ба ӯҳда дорад, матраҳ гардид.
Дар ҷараёни мулоқот мусоҳибон доир ба вазъ ва дурнамои тавсеаи ҳакориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт табодули назар карданд. Халифа Мусоид ал-Ҳамода ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илмию техникӣ байни ду кишвар изҳори ҳавасмандӣ намуд. Мавсуф зикр кард, ки сармоягузорони кувайтӣ омодаанд, то ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои мухталиф дар Тоҷикистон саҳм гузоранд.
Бояд тазаккур дод, ки ду сол муқаддам, аниқтараш моҳи майи соли 2013 дар Душанбе нахустин ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Кувайт оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ баргузор гардида буд, ки дар он маҷмӯи масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ байни ду кишвар матраҳ гардида буд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






