Тренинг барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
Душанбе, 17.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Тибқи қароре, ки дар вохӯрии гурӯҳи кории роҳбарони ҷузъу томҳои иттилоотӣ-таҳлилии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон дар моҳи январи соли ҷорӣ дар агентӣ қабул шуда буд, 16 март дар заминаи Маркази таълимии Агентии назорати маводи нашъаовар тренинги чоррӯза барои кормандони шуъбаҳои таҳлилии агентӣ, ВКД, КДАМ, СҚС КДАМ ва Хадамоти гумрук нисбат ба омода сохтани маводи оморӣ ва ҳисобот аз рӯи натиҷаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар оғоз гардид.
Дар тренинг кормандони ҷузъу томҳои таҳлилӣ имкониятҳои асосии барномаҳои компютерии MS Excel, Intellect, IBM i2 iBase-ро дар коркарди маводи омории вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар меомӯзанд.
Инчунин машғулиятҳои интерактивӣ бо техникаи компютерӣ гузаронида мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






