Туҳфаи Тоҷикистон ба Шуъбаи СММ дар Вена
Душанбе, 31.03.2015 (АМИТ «Ховар»).- 30 марти соли 2015 Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди САҲА ва созмонҳои дигари байналхалқӣ дар Вена Исматулло Насрединов дар ҳузури муовини Дабири кулли СММ, мудири кулли Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Вена Юрий Федотов туҳфаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намунаи маҳсули ҳунари дастии миллии мардуми кишварамон «Сӯзанӣ»-ро ба шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Вена тақдим намуд.
Ин туҳфаи хотиравӣ нахустин бор яке аз даҳлезҳои марказии бинои Созмони Милали Муттаҳид дар Венаро оро дод.
Сӯзанӣ дар баробари туҳфаҳои миллии бархе аз кишварҳои Созмони Милали Муттаҳид нишонаест аз мардуми Тоҷикистон, ки ба ҷаҳониён фарҳангу маданият ва мероси гаронбаҳои ниёгонамонро муаррифӣ хоҳад кард.
Юрий Федотов аз номи худ ва Дафтари СММ дар Вена барои ин тасмими наҷиби Тоҷикистон изҳори сипосу миннатдорӣ кард.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






