У. Кумар: «БОР ба Тоҷикистон кумаки техникӣ пешниҳод менамояд»
Душанбе, 18.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Директори иҷроияи Шӯрои директорони Бонки осиёии рушд (БОР) Умеш Кумар дар ҳузури хабарнигорон иброз намуд, ки дар мулоқот бо Президенти кишвар дурнамои умедбахши ҳамкории бонк бо Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор доданд.
Умеш Кумар зикр намуд, ки Президенти Тоҷикистон он кумакҳоеро, ки аз ҷониби БОР пешниҳод мешаванд, дар сатҳи баланд арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки ҳамкориҳо бояд густариш ёбанд.
«Мо, албатта, ҳамкориҳои худро бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давом медиҳем, то ин ки кишвар аз ҳамкориҳои мазкур боз ҳам баҳраи бештар гирад.
БОР дастгирии худро бахусус дар соҳаҳои энергетика, рушди роҳҳои оҳан ва роҳҳои мошингард бештар менамояд. Мо хусусан соҳаи сохтори хусусӣ ва сохтори хусусии истеҳсолиро бисёртар дастгирӣ хоҳем кард. Дар рӯзҳои наздик инчунин «Стратегияи нави ҳамкории БОР бо Ҷумҳурии Тоҷикистон» пурра таҳия мешавад ва ин стратегияи ҳамкорӣ мувофиқи назари ҷонибҳо мебошад».
Ин бонки бонуфуз ҷиҳати амалисозии лоиҳа оид ба таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Норак» дастгирии худро пешниҳод менамояд ва ният дорад, ки лоиҳаҳои минтақавиро оид ба рушди энергетика ва соҳаи нақлиёт амалӣ созад.
Яке аз лоиҳаҳои асосие, ки БОР амалӣ хоҳад намуд, ин лоиҳаи интиқоли неруи барқ бо иқтидори 500 кВт , ки аз аз Неругоҳи барқи обии Норак кашида мешавад, мебошад.
Тибқи иттилои Умеш Кумар Бонки осиёгии рушд имсол барои амалисозии лоиҳаи минтақавии роҳи оҳан кумаки техникӣ пешниҳод менамояд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






