Убайдуллоев ба саволҳои нозирони байналмилалӣ посух гуфт
Душанбе, 01.03.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати нозирони байналмилалӣ аз Парлумони Аврупоро, ки таҳти роҳбарии Норберт Нойзер ба Тоҷикистон омадаанд, ба ҳузур пазируфт.
М. Убайдуллоев ташрифи ҳайати нозиронро, ки ҷараёни баргузории интихоботи парлумониро мушоҳида мекунад, нек арзёбӣ карда, саҳми Иттиҳоди Аврупо ва Парлумони онро дар татбиқи барномаҳои муштараки байнипарлумонӣ ва давлатӣ махсус таъкид намуд.
Дар вохӯрӣ раиси Маҷлиси миллӣ ба саволҳои ҳайати нозирони байналмилалӣ, ки фарогири масоили марбут ба интихоботи парлумонӣ, институти қонунгузории кишвар, амнияти минтақаву Афғонистон ва тавсеаи робитаҳои мутақобила бо Иттиҳод ва Парлумони Аврупо буданд, посухҳои мушаххас дод.
Норберт Нойзер гуфт, ки риоя ва эҳтироми Тоҷикистон ба арзишҳои демократӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд шоистаи дастгирист ва раванди баргузории интихоботи парлумонӣ метавонад онро собит намояд.
Ҳамзамон 28 феврал М. Убайдуллоев ҳайати бонуфузи нозирони байналмилалӣ аз Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти роҳбарии Андрей Наумович -раиси Комиссияи доимии Палатаи намоядагони Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларусро ба ҳузур пазируфт.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






