Убайдуллоев боз раиси Маҷлиси Миллӣ мешавад?
Душанбе, 13.03.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Дар нахустин иҷлосияи шаҳрӣ, ки имрӯз дар Душанбе баргузор гардид, раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе интихоб гардида, инчунин аз ҷониби вакилони шаҳрӣ ҳамчун номзад ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ пешниҳод гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки Маҷлиси миллӣ -палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон 33 аъзо дошта, 25 нафараш тавассути интихоботи маҷлисҳои маҳаллӣ ва 8 нафар бо Фармони Президенти кишвар таъйин мешаванд. Инчунин Президенти нахустини Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов узви доимии ин палата мебошад. Тибқи Фармони Президенти кишвар охири моҳи марти соли равон интихоботи Маҷлиси миллӣ баргузор мегардад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






