Варзоб: вохӯрӣ оид самтҳои фаъолияти ХМ
Душанбе, 11.03.2015.( АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ ҷиҳати расонидани ёрии методӣ ва кумакҳои амалӣ ба сохторҳои ХМ дар шаҳру ноҳияҳо аз 2 то 6 марти соли равон, гурўҳи кории кормандони дастгоҳи марказии ХМ зери роҳбарии мудири бахши кадрҳо Қурбоналӣ Маҳмадов ба ноҳияи Варзоб сафар намуд.
Дар ҷараёни вохўрӣ доир ба фаъолияти бахш дар ноҳияи Варзоб аз наздик шинос шуда, тарзи корбарии ҳуҷҷатгузорӣ ва дигар самтҳои фаъолияти ХМ дар ноҳия суҳбат ороста шуд.
Бино ба иттилои мутахассиси пешбари бахши ХМ дар ноҳияи Варзоб Орифҷон Бобоев иброз дошт: «Дар давоми моҳҳои январ ва феврали соли 2015 -1586 нафар сокини ноҳия ба муҳоҷирати меҳнатӣ, бахусус Федератсияи Русия сафар намудаанд, ки аз ин теъдод 145 нафарашонро занҳо ва 1 441 нафарашонро мардон ташкил медиҳанд. Дар ин муддат аз хориҷа ба ватан 1 209 нафар шаҳрванд баргашт, ки 115 нафари онро занон ташкил медиҳанд».
Аз тарафи гурўҳи корӣ ёрии амалӣ-методӣ, ташкили кор, тарзи корбарӣ бо ҳуҷҷатҳо, банақшагирӣ, омода намудани ҳисобот, пешниҳоди саривақтии ҳисоботҳо, буклетҳо, инчунин доир ба қонунгузории нави ФР дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар маълумотҳо кумак расонида шуд.
Пешниҳод гардид, ки дар маркази ноҳия то ҷашнгирии Наврўз бо роҳбарият ва фаъолони ноҳия, раисони ҷамоат, маҳаллаҳо ва муҳоҷирони меҳнатӣ вохўрӣ бо роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират гузаронида шавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






