Вазорати адлия: «Наврӯз ҷашни байналмилалӣ»

Март 16, 2015 11:48

Душанбе, 16.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Ба истиқболи панҷумин солгарди ҷаҳонишавии Наврӯз мизи мудаввар дар мавзӯи «Наврӯз ҷашни байналмилалӣ» 13 марти соли ҷорӣ дар Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. 
Дар ҳамоиш  таъкид шуд, ки Наврӯз дар тӯли асрҳо баробари ин ки ба ривоҷи маданияти заминдориву зироаткорӣ ва боғпарвариву ободгарӣ мусоидат намудааст, ҳамчунин ба инсонҳо чун фарҳанги волои ҳамёриву ҳамкорӣ ва омили муҳими таҳкими сулҳу ваҳдат ва тавсеаи накукориву хайрхоҳӣ дониста шудааст. Яке аз сабабҳои ҷаҳонишавӣ ва дар байни дигар халқу миллатҳо доман паҳн кардану гиромӣ шудани Наврӯзи Аҷам ҳамин вижагиҳояш дониста мешавад.  
Доир намудани чунин чорабиниҳо дар арафаи Наврӯз ба эҳёи анъанаҳои хоси ин ҷашни бостонии мардуми тоҷик заминаи хубе хоҳад буд.

Март 16, 2015 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд