ВКД ҶТ: мубориза бар зидди ҷиноятҳои коррупсионӣ
Душанбе, 16. 03. 2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Ҷаласаи ғайринавбатии мушовараи Вазорати корҳои дохилӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти фаврӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар самтҳои вазъи интизоми хизматӣ, риояи қонуният ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои коррупсионӣ ва дорои хусусияти коррупсионӣ дар давоми соли 2014 ва 2 моҳи соли 2015 ҳафтаи сипаригардида дар Вазорати корҳои дохилӣ баргузор гардид.
ВКД ҶТ хабар медиҳад, ки зимни ҷаласа вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро, аъзои мушовара, сардорони сарситод, сарраёсат, сармарказ, раёсатҳо, шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ иштирок намуданд.
Вазири корҳои дохилӣ Р. Раҳимзода доир ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷиноятҳои коррупсионӣ ва хусусияти коррупсионӣ дошта, тамаъҷӯӣ, порагирӣ, қалбакӣ сохтани ҳуҷҷатҳо, ҷиноятҳои зеҳнӣ, иттилоотӣ, муомилоти ғайриқонунии сангҳо ва металлҳои қимматбаҳо, хариду фурӯши ғайриқонунии замин таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, аз масъулин қатъӣ талаб намуд, ки корро дар самтҳои номбурда ҷоннок намоянд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки масъалаи риояи интизоми хизматӣ ва роҳ надодан ба қонуншиканӣ аз омилҳои пешрафти фаъолияти хизматӣ ба ҳисоб рафта, дар ин самт корҳои пешгирикунанда пурзӯр карда шаванд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






