Ёвон: Дастгирии 35 зани соҳибкор
Душанбе, 23.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Раиси ноҳияи Ёвон ба хотири рушди соҳибкории хурд барои 35 зани маҳаллӣ ба маблағи умумии 70 ҳазор сомонӣ грант ихтисос додааст.
Амирбеки Темур, раиси ноҳияи Ёвон, гуфт, ки соли гузашта низ 20 зани маҳаллӣ (ҳар яке ба андозаи 2,5 ҳазор сомонӣ) бо пешниҳоди лоиҳаҳои тиҷоратии худ гранти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро дарёфт кард.
-Имсол тасмим гирифтем, ки ин шумораро ба 35 нафар расонем, — зикр кард А. Темур.
«Бонувоне, ки лоиҳаҳои ҷолиб пешниҳод мекунанд, ҳар яке ба қадри 2 ҳазор сомонӣ кумакпулии бебозгашт хоҳад гирифт, то бо истифодаи он вориди корзори тиҷорат шуда, вазъи иҷтимоии хонаводаҳояшонро беҳтар кунанд», иброз намуд раиси нохия.
Заноне, ки соли гузашта гранти раиси ноҳияи Ёвонро дарёфт кардаанд, ҳоло машғули дӯзандагӣ, соҳибкории хурд дар фурӯшгоҳи марказии ноҳия ва кишоварзию боғдорӣ будаанд.
Гуфта мешавад, ин ибтикор дар чаҳорчӯби Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 татбиқ мегардад.
Амирбеки Темур ҳамчунин иттилоъ дод, ки ҳоло 676 ҷавондухтар аз Ёвон дар мактабҳои олии Тоҷикистон (аз ҷумла 59 нафар тибқи квота), 8 нафар дар донишгоҳҳои хориҷи кишвар ва 606 нафар дар коллеҷу омӯзишгоҳҳо таҳсил мекунанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






