З. Ятимова: Барои ободии Ватан овоз додам!

Март 1, 2015 10:47

 
Душанбе, 1.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Шурӯъ аз субҳи имрӯз дар тамоми ҳавзаву участкаҳои интихоботии шаҳри Душанбе интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар фазои озоду демократӣ, орому осоишта ва дар сатҳи баланд идома дорад. Шаҳрвандон баҳри пешрафту ояндаи Тоҷикистон ба тарафдории номзади арзанда овоз медиҳанд.    
Интихобкунандагони участкаи интихоботии рақами 14 дар ноҳияи Фирдавсӣ оид ба интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, воқеъ дар бинои Маркази миллии ташхис  субҳи барвақт бо рӯҳияи идона ҳозир гардида, ҳар як нафар ба номзад ва ҳизби арзандаи худ овоз дод. 
Мавриди зикр аст, ки дар ҳудуди участкаи мазкур 2 ҳазору 521 нафар интихобкунанда дар рӯйхати интихобкунандагон ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 123 нафар берун аз кишвар,  15 нафар барҷомонда, 1 нафар дар хизмати артиши миллӣ буда  ва 57 нафар бори аввал дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок мекунанд. 
Тибқи иттилои Абдурасул Абдумаҷидзода, раиси участкаи интихоботии рақами 14 беш аз 50 нафар интихобкунанда дар интихобот иштирок карда наметавонад, барои чунин шахсон қуттиҳои сайёр омода карда шудаанд ва айни ҳол ду нафар узви комиссияи участкавӣ бо қуттиҳои сайёр ба назди онҳо рафта, имконияти овоздиҳиро пешниҳод менамоянд. 
Дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ штироки зиёди сокинон, аз ҷумла занон ба чашм мерасид. Заррина Ятимова, сокини пойтахт ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки: «Барои ободии давлати Тоҷикистон  бо як рӯҳияи баланд овози худро ба вакили арзандаи худ овоз додам ва умедворам, ки номзадҳои арзандаи халқи тоҷик дар оянда барои ободии ватани худ хизмат хоҳанд кард». 
Сокини дигари пойтахт Шаҳло Иноятова зикр кард, ки «Интихобот дар фазои орому осоишта ва шаффофу демократӣ баргузор гашта истодааст ва  аз ин рӯ иштирок ва овози додаи ман  муҳим ва ҳалкунанда аст. Чунки овози додаи ман  барои пешрафти ҷомеа аст».  Ардашери Камолзода, сокини дигари пойтахт гуфт, ки: «Агар мо ҷомеаи демократӣ бунёд карданӣ бошем, бояд тибқи талабот дар интихобот ширкати васеъ ва озодро дар равандҳои  сиёсӣ таъмин намоем. Яке аз чунин равандҳои тақдирсоз дар ҳаёти мардуми мо интихобот аст. Фарқи интихоботи имсола дар қиёс ба интихоботи қаблӣ дар он аст, ки интихобот дар фазои ором баргузор гашта истодааст ва дар сатҳи лозимӣ, яъне ширкати васеи шаҳрвандон ба чашм мерасад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки сол то сол сатҳи боварии мардум ва сатҳи дониши сиёсии мардум хеле боло меравад ва аҳамияту зарурати иштирок дар интихоботро ба хубӣ дарк карда истодаанд». 
 
 
 

Март 1, 2015 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад