Зиндагӣ бидуни об маънӣ надорад
Душанбе, 18.03.2015. (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Мувофиқи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Созмони Милали Муттаҳид солҳои 2005-2015 «Даҳсолаи об барои ҳаёт» эълон шудааст. Ин исботи он аст, ки тоҷикон таҳти роҳбарии сарвари хирадманди худ ҷиҳати бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин кардани сокинони сайёра саҳми башардӯстона мегузоранд. Зимни суханронӣ дар конфронси байналмилалии «Об барои ҳаёт», ки моҳи июни соли 2010 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, Сарвари давлат зикр намуд, ки кадом давлате, ки ба оби тозаи нӯшокӣ ниёз доранд, ба мо муроҷиат кунанд ва мо метавонем оби тозаи нӯшокиро аз кӯли Сарез барои онҳо интиқол диҳем.
Гуфта мешавад, ки бештар аз 2,5 миллиард нафар аҳолии кураи замин аз нарасидани оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. Тоҷикистони азизи мо манбаи бузурги обҳои мусаффост, аз кӯҳҳои осмонбӯси он обҳои ширину ошомиданӣ ба водиҳо ҷорӣ шуда, мардуми кишвар шодоб мегарданд. Об аз ҷумлаи чаҳор унсури муқаддас мебошад, ки ҷаҳон аз он офарида шудааст. Бинобар ин тозаву покиза нигоҳ доштани он вазифаю қарзи шаҳрвандии ҳар як инсон аст.
Бояд аз имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, кӯшиш намоем, ки мардуми кишвари азизамон бо оби тозаи нӯшокӣ мунтазам таъмин бошад Зиндагиро бе об тасаввур кардан маънӣ надорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






