Ғалабаи «Барселона» ва шикасти «Бавария»
Душанбе, 21.04.2015. (АМИТ «Ховар», Меҳрони Қурбон)- Бошгоҳи футболи «Бавария»-и Мюнхен аз Олмон дар сафар бо дастаи «Порту»-и Португалия дар доираи бозиҳои ј ниҳоии Лигаи чемпионҳо мухлисонашро ғамгин кард. Дар дақиқаи 3-юми вохӯрӣ Куарежма аз тариқи ҷазои 11-метра ҳисобро боз намуд. Ӯ аз иштибоҳи Хави Алонсо ва дарвозабон Мануэл Нойер, ки ба саросемагӣ роҳ доданд, истифода бурда, ҳисобро 1 бар 0 анҷом дод. Дар дақиқаи 23-юм ба дарвозаи «Порту» як ҳуҷуми хатарнок созмон дода шуд. Пас аз 7 дақиқа боз ҳамин бозингар — Куарежма ташаббус нишон дода, натиҷаро ба нафъи тими хеш «Порту» анҷом дод ва як тӯби дигар ба дарвозаи ҳарифон ворид намуд. Ниҳоят нуқтаи охиринро дар ин вохӯрӣ Мартинес гузошт. Ҳамин тавр ҳисоб 3 бар 1 бар нафъи тими «Порту» анҷом ёфт.
Дар вохӯрии дигари ин даври мусобиқа дастаи «Барселона»-и Испания вохӯрии нахустини худро дар сафар бо дастаи «ПСЖ»-и Фаронса бо пирӯзӣ анҷом дод. Дастаи «Пари Сен Жермен», ки бо сабабҳои гуногун бе ширкати якчанд бозингарони пурқувваташ, аз ҷумла — Златан Иброҳимович ба майдон баромада, бозии начандон хубро нишон дод. Неймар 1 маротиба ва Луис Суарес ду маротиба тӯбҳоро ба нишон расониданд.
Хотирасон менамоем, голи аввал, ки муаллифаш Неймар буд, бо партофти зебои Леонел Месси ба ҳадаф расид. Матте, ки узви дастаи «Барселона» мебошад, имкон ёфт 1 маротиба ташаббус нишон диҳад, аммо тӯбро на ба «ПСЖ», балки ба дарвозаи худ равона намуд. Беҳтарин бозингари вохӯрӣ ҳамлагари уругваӣ — Луис Суарес ба қайд гирифта шуд. Ҳамин тавр бозии аввал бо ҳисоби 3 бар 1 ба нафъи «Барселона» хотима ёфт.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






