Ғалабаи «Истиқлол» ва «Регар — ТадАЗ» дар лигаи олӣ
Душанбе, 20.04.2015. (АМИТ «Ховар», Меҳрони Қурбон).-19-уми апрел дар ҷумҳурӣ ду вохӯрии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор гардид.
Нахуст дар шаҳри Истаравшан дидор миёни тимҳои «Далерон-Ӯротеппа» ва «Регар-Тадаз» баргузор шуд. Дар вохӯрӣ дастпарварони Алишер Ҳакбердиев бо ҳисоби 2:1 дастболо шуданд. Ҳамчунин дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дастаи «Барқи тоҷик» (собиқ «Энергетик») бо тими «Истиқлол» қувва озмуданд. Дар вохӯрӣ футболбозони «Истиқлол» ба дарвозаи ҳариф панҷ тӯби беҷавоб заданд. Лигионери испании дастаи Истиқлол Бледа Родригес ду дафъа ва як дафъаи дигар Маҳди Чоҳҷӯӣ, Умед Шарипов ва Хуршед Маҳмудов муаллифони голҳо ба қайд гирифта шуданд.
Тавре ки иттилоъ доданд, дастаи «Истиқлол» дар ин дидор бештар бо ҳайати дуюм ҳунарнамоӣ кард. Ҳамин тавр пас аз 2 даври бозӣ дастаи «Истиқлол» бо 6 имтиёз дар ҷойи аввал қарор дорад. Тими «Хайр» низ 6 имтиёз ба даст овардааст, аммо аз рӯйи таносуби тӯбҳо дар мақоми дуюм қарор мегирад. Дар ҷойи сеюми ҷадвал футболбозони «Регар — ТадАЗ» қарор гирифтаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






