Ғолибияти ҳозирҷавобони Хуҷанд дар «Кубоки баҳорӣ»
Душанбе,03.04.2015 (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Бо даъвати лигаи олии Маҳфили ҳозирҷавобони (КВН) Ҷумҳурии Қирғизистон бори нахуст аз Тоҷикистон дастаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар озмуни «Кубоки баҳорӣ»-и ин кишвар иштирок намуд.
Ба иттилои Абдусабури Абдуваҳҳоб, сухангӯи донишкада, ба ин чорабинӣ, ки чун мусобиқаи Осиёимиёнагии маҳфили ҳозирҷавобон байни муассисаҳои олӣ маҳсуб мешуд, 22 дастаи дигар аз ҷумҳуриҳои Қирғизистону Қазоқистон низ даъват шуданд.
Тавре ки Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, 29- уми март дар қасри варзишии шаҳри Бишкек дар ҳузури беш аз 5 ҳазор тамошобин донишҷӯёни донишкада маҳорати баланди ҳунари актёрӣ, зарофатгӯӣ ва сарояндагӣ нишон дода, дар ҷамъбаст ғолиби мутлақ шуда, Ҷоми Маҳфили ҳозирҷавобони (КВН) Ҷумҳурии Қирғизистонро ба даст оварданд. Ҳамзамон 17 дастаи дигар ба даври навбатии озмун роҳхат гирифтанд.
Сарвари кулли Маҳфили ҳозирҷавобони Ҷумҳурии Қирғизистон Евгений Акопян дар ҷамъбаст ба ҳунарнамоии донишҷӯёни тоҷикистонӣ баҳои баланд дода, зикр кард, ки ягон қувва пеши роҳи дӯстии байни миллатҳоро намегирад ва имрӯз ин чорабинӣ бори дигар ин гуфтаҳоро тасдиқ намуд. Мавсуф ба фаъолияти донишҷӯёни донишкада барор хоста, ба озмуни навбатӣ, ки моҳи июли соли равон дар шаҳри Исиқкӯли ин ҷумҳурӣ барпо мегардад, даъват намуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






