Қаҳрамонҳои ҷавони самбои Тоҷикистон
Душанбе, 20.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои Тоҷикистон байни варзишгарони солҳои таваллудашон 1997 — 1999, ки рӯзҳои 18 ва 19- уми апрел дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд баргузор шуд, 250 гӯштингири ҷавон аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру навоҳии тобеи марказ (ШНТМ) ширкат дошт.
Тавре ки Маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст: «Гӯштингирони ҷавон дар даҳ вазн қувваозмоӣ карданд, дар шаш вазн гӯштингирони душанбегӣ — Масъуд Кӯканшоев (48 кг), Зафарҷон Алиев (56 кг), Алӣ Шарифов (70 кг), Саймуъмин Алиев (75 кг), Осмонбек Кӯканиев (81 кг) ва Сомон Неъматов (беш аз 87кг) ҷойҳои аввалро касб карданд. Дар ду вазн аъзои дастаи Хатлон- 2 — Фирдавс Мирзоев (52 кг) ва Шариф Назриев (87 кг) — ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд. Дар як вазн паҳлавони вилояти Суғд Саиднабӣ Камолов (65 кг) ва дар як вазни дигар узви тими мунтахаби ШНТМ Сайриддин Шоев (60 кг) ғолиб шуданд”.
Ғолибони мусобиқа ҳуқуқ пайдо карданд, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон моҳи сентябр дар шаҳри Ашқободи Туркманистон дар чемпионати Осиё байни навҷавонон ва моҳи октябр дар шаҳри Ригаи Латвия дар чемпионати ҷаҳон миёни навҷавонон ширкат варзанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






