Қаҳрамонҳои нави дзюдои Тоҷикистон
Душанбе, 13.04.2015. (АМИТ Ховар, Рафоати Абдулҳамид).- Ба иттилои Маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Тоҷикистон, ки рӯзҳои 11-12 апрел дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе бо ширкати зӯртарин паҳлавонони тоҷик аз ҳамаи манотиқи кишвар баргузор шуд, ғолибонро аз рӯи ҳафт вазн муайян кард. Шаш нафар — Хушқадам Хусравов (вазни то 60 кг), Умед Абдураҳимов (то 66 кг), Шӯҳратҷони Фахризода (то 73 кг), Фарҳод Раҳимов (то 81 кг), Саидҷалол Саидов (то 100 кг) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (беш аз 100 кг), ки ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд, аз шаҳри Душанбе мебошанд.Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони шинохтаи тоҷик, ки вилояти Суғдро намояндагӣ кард, дар рақобатҳо дар вазни то 90 кило мақоми аввалро касб намуд. Вай дар даври ниҳоӣ бар Фарҳод Сафаралиев дастболо шуд.Бояд гуфт, паҳлавони маъруфи тоҷик Хушқадам Хусравов, ки то кунун танҳо дар мусобиқоти гӯштини самбо иштирок мекард, бори аввал дар қаҳрамонии дзюдои кишвар ширкат варзида, дар вазни то 60 кило дар даври ниҳоӣ бо шикаст додани Озод Эмомов ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф шуд. Ин пирӯзӣ ба ӯ имкон медиҳад, ки дар мусобиқоти мухталифи байналмилалии дзюдо, ки навъи олимпист, низ иштирок кунад. Ба иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, ғолибони мусобиқаи қаҳрамонии кишвар дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ дар мусобиқоти ҷаҳониву минтақавӣ ва байналмилалӣ ширкат хоҳанд кард. Вазифаи аслии гӯштингирони тоҷик ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мебошад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






