Қатли беш аз 7 000 нафар дар Нигерия
Душанбе,1.04.2015. (АМИТ «Ховар».-Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Тибқи иттилои Созмони Милали Муттаҳид аз оғози нооромиҳо то инҷониб дар Нигерия беш аз 7 ҳазору 300 нафар сокини осоишта дар пайи ҳамлаю амалҳои террористии ҷангиёни гурӯҳи «Боко Ҳарам» ба ҳалокат расидааст. Гуфтан ба маврид аст, ки аз соли 2009-ум то ҳол 1,5 миллион нафар сокини Нигерия бо эътино ба авзои мураккаби сиёсию иҷтимоӣ тарки манзил гуфтанд.
Душанбе,1.04.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз дар шаҳри Аякучои қисми ҷанубии Перу садамаи нохуши нақлиётӣ ба амал омада, дар ҷои ҳодиса 10 нафар ба ҳалокат расида, 20 тани дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бистарии беморхона гардид. Гуфта мешавад, ки дар миёни ҳалокшудагон занону кӯдакон низ мебошанд.
Душанбе,1.04.2015. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои шабакаи шабакаи телевизионии «Ал-Ҷазира» шаби гузашта дар шаҳри Деръаи қисми шарқии Сурия таркиши мудҳиш ба амал омада,дар ҷои ҳодиса 10 нафар ба ҳалокат расида, чанд тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Гуфта мешавад, ки ҷинояткорони номаълум мошини ҳомили таҷҳизоти таркандаро дар наздикии яке аз марказҳои тиҷоратӣ кишвар мунфаҷир намудаанд. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои муайян намудани омилони таркиш тафтишот мебаранд.
Душанбе,1.04.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар музофоти Сием-Рипи Камбоҷа дар мудати як рӯз 800 нафар аз истеъмоли як навъи хӯриши бодиринг заҳролуд гардид. Гуфта мешавад, ки заҳролудшудагон аз дилбеҳузурӣ, дарди сар ва қабзи меъда шикоят менамуданд. Дар айни замон дар беморхонаи марказӣ танҳо 120 нафар таҳти назорати табибон қарор дорад. Ба гуфти расонаҳои хабарии дохили кишвар ғизовориро ҷавонон ба тариқи ройгон ба сокинон тақсим кардаанд. Тибқи иттилои роҳбари маъмурияти маҳаллӣ сабаби дақиқи сар задани ҳодиса баъди тафтишот маълум мешавад.








Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид






