Қонеъ гардонидани талаботи истеъмолкунандагон бо мол
Душанбе,13.04.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Ҳафтаи гузашта бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва бо дастгирии БРСММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази вилояти Хатлон — шаҳри Қӯрғонтеппа семинари омӯзишӣ бо иштироки мутахассисони бахши иқтисоди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, мақомоти дахлдор вобаста ба танзими савдо ва хизматрасонӣ, инчунин роҳбарони марказҳои калони савдо ва бозорҳо баргузор гардид.Дар мулоқот баромадкунандагон оид ба ташкил, танзим ва назорати савдо ва хизматрасонии маишӣ, инчунин фароҳам овардани шароити зарурӣ барои савдо ва хизматрасонии маишӣ бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи истеъмолкунандагон бо мол, иҷрои корҳо ва хизматрасонии маишӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон маълумоти муфассал манзур намуданд.Чорабинӣ дар асоси Созишномаи дутарафа байни Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва БРСММ дар доираи лоиҳаи Мусоидат ба савдо дар Осиёи Марказӣ ташкил шуд.Мавриди зикр аст, ки Вазорати рушди иқтисод ва савдо тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати татбиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба такмил ва рушди савдо, хӯроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ дар доираи татбиқи Қонуни ҶТ Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ чунин чорабиниҳоро дар дигар минтақаҳои кишвар низ бо ширкати намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, созмонҳои байналмилалӣ ва бахши хусусӣ доир намояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






