Ҳафтаи технология дар Душанбе
Душанбе, 14.04.2015.(АМИТ «Ховар», Руқияи Боймамад).- Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тибқи Қарори раиси шаҳри Душанбе аз 8 апрели соли 2015 аз 13 то 18 апрели соли ҷорӣ ҳафтаи технология ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе эълон гардид.
Чорабинии мазкур бо ҳадафи баланд бардоштани сатҳи фарҳанги техникӣ, тарғиби маданияти истифодаи иттилоотии интернетӣ, ҷорӣ намудани техникаю технологияи инноватсионии муосир дар раванди таълим, сайқал додани донишу маҳорат ва дастгирии ихтироъкориву навоварии наврасону ҷавонон дар ин самт баргузор мегардад.
Дар чорабинии мазкур олимону мутахассисони соҳаи ТИК, коршиносон ва намояндагони ВАО ширкат хоҳанд кард. Дар ҷамъбасти чорабиниҳо маҷмӯи корҳои анҷомдода ва мақолаву гузоришҳо нашр мешавад.
Форуми наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе оид ба технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, ки 15 апрел баргузор мешавад, аз рӯи 5 номгуи байни довталабон озмун эълон кардааст. «Лоиҳаҳои инноватсионӣ барои ҳалли масъалаҳои шаҳрдорӣ», «Лоиҳаҳои иноватсионӣ дао соҳаи маориф», « Барномаҳои таълиму омӯзишии интерактивӣ», «Лоиҳаи инноватсионӣ дар соҳаи хизматрасонӣ ва аҳолӣ», « Лоиҳаи инноватсионии автоматикунонии хизматрасониҳои мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ».
Ғолибони озмун бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳо қадрдонӣ мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






