Ҳамадонӣ: Хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ ифтихор аст
Ҳамадонӣ, 7.04.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Бо оғози маъракаи даъвати ҳарбӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 ба комисариати ҳарбии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ шумораи зиёди ихтиёриён ҳозир гардиданд.
Ба қавли Нураҳмад Қурбонов, комиссари ҳарбии ноҳия ба ин муносибат дар саҳни ҳавлии комиссариати ҳарбӣ ҷамъомади бошукӯҳ доир гардида, дар он раиси комиссияи даъват, муовини раиси ноҳияи Ҳамадонӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат, ҷанговарони башардӯст ва сарбозони қисми низомии 21-33 ва сарбозони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода даъватшавандагон ва волидайни онҳоро табрик гуфтанд.
Бояд гуфт, ки дар рӯзи аввали даъват 40 нафар ҷавон ихтиёран ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуд. Чорабиниҳои ташкилнамудаи комисариати ҳарбӣ дар ҳамдастӣ бо шуъбаи маориф ва бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ин самт самараи хуб бахшидаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






