Ҳамкории милиса бо аҳли ҷамъият
Душанбе, 29.04.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода ).- Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон зимни ҳамкорӣ бо дафтари САҲА дар Тоҷикистон ва дастгирии сафорати ИМА дар ҶТ аз 27 то 29 апрел мизи мудаввар дар мавзӯи «Ҳамкории милиса ва аҳли ҷамъият : кор бо Шӯроҳои ҷамъиятӣ ва ВАО» доир менамояд.
Назар ба иттилои ВКД ҶТ, дар кори мизи мудаввар кормандони милиса, масъулини ташкили хамкорӣ бо аҳли ҷамъият, аъзои Шӯроҳои ҷамъиятии мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милисаи назди ВКД ҶТ, намояндагони раёсатҳои ВКД воқеъ дар ҳамаи вилоятҳои ҷумҳурӣ, ҳамчунин коршиносони байналмилалии Ирландияи Шимолӣ, Русия ва Қирғизистон иштирок доранд.
Дар мизи мудаввар коршиносони ҷаҳон дар бораи лоиҳаи «Ибтикороти амнияти ҷамъиятӣ» — и САҲА дар Қирғизистон, ки охири моҳи январи соли 2011 дар ҳудуди вилояти Ӯш рӯи кор оварда шуда буд, нақл карда, иштирокдорони мизи мудавварро бо усули навтарини ҷалби шаҳрвандон дар амри таъмини амнияти ҷамъиятӣ шинос намуданд.
Дар ҷараёни ин чорабинӣ самтҳои асосии ислоҳоти милисаи Тоҷикистон, ки манзураш рӯи кор овардани муносибатҳои ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, эҳёи боварии аҳли ҷамъият ва аҳолӣ ба милиса мебошад, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






