Ҳамкории милиса бо аҳли ҷамъият
Душанбе,24.04.2015 (АМИТ «Ховар» Кристина Эрлих).- 27 апрел Маркази Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Ҳамкории милиса бо аҳли ҷамъият: кор бо шӯроҳои ҷамъиятӣ ва ВАО» доир менамояд.
Ин чорабинӣ дар ҳошияи лоиҳае, ки бо дастгирии САҲА роҳандозӣ шуда ва мақсад аз он рӯи кор овардани муколамаи ҳифзи ҳуқуқ ( ВКД ҶТ) мебошад, пайваста бо ҳамкорӣ бо маркази Раёсати давлатии ИМА оид ба мубориза бо маводи мухадир ва ҳифзи қонуну тартибот рӯи кор оварда мешавад.
Дар кори мизи мудаввар қариб 130 нафар намояндагони шӯроҳои ҷамъиятӣ, ки дар бахши ислоҳоти милисаҳои панҷ ноҳия ва шаҳри Душанбе фаъолият доранд, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, намояндагони ВАО, САҲА , маркази Раёсати давлатии ИМА оид ба мубориза бо маводи мухаддир ва ҳифзи қонуну тартибот ва Раёсати СММ оид ба маводи мудаддир ва ҷинояткорӣ, ҳамчунин ду коршиноси Маркази САҲА дар Бишкек, ки аз рӯи лоиҳаи «Ибтикороти амнияти ҷамъиятӣ дар Қирғизистон фаъолият доранд»ва коршиноси Ирландияи Шимолӣ иштирок менамоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






