Ҳамла ба прокурори генералӣ

Апрель 10, 2015 14:29

 
Душанбе,10.04.2015. (АМИТ «Ховар».-Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Бегоҳи  гузашта як гурӯҳ  силоҳбадастони  «Толибон» ба бинои прокуратураи генералии  шаҳри Мазори Шарифи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамла оварданд. Дар ҷои ҳодиса 10 нафар ба ҳалокат расида, 60 тани дигар захм бардошт. Бояд гуфт ки задухӯрд миёни ҳамлагарон ва кормандони воҳидҳои низомии Афғонистон 9 соат тӯл кашидааст. Дар пайи тирпарронии мутақобила ҳамаи ҳамлагарон кушта шуданд. Дар ин иттифоқот ба прокурори генералӣ  осебе  нарасидааст. 
    Душанбе,10.04.2015. (АМИТ «Ховар»).- Ҷангиёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба зарбаҳои пай дар пайи неруҳои низомии Ироқ тоб наоварда, чоҳҳои истихроҷи нафтро дар нуқтаи маъмурии Ҳирмин ва Аҷил, ки сарчашмаи асосии даромади онҳо буд, аз даст доданд. Вале чоҳи Қайараро то ҳол дар тасарруфи худ нигоҳ медоранд. Мувофиқи иттилои  мутахассисон аз ин нуқтаи истихроҷ дар як рӯз то 2 ҳазор баррел нафт истеҳсол мешавад.
    Душанбе,10.04.2015. (АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи  иттилои намояндаи мақомоти маҳаллии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Федератсияи Русия ҷасади 15 нафареро, ки  бар асари садамаи киштии мусофиркашонии «Шарқи Дур» ба амал омад, аз макони ҳодиса тавассути ҳавопаймои махсус  ба шаҳри Владивосток таҳвил доданд. Ёдовар мешавем, ки киштии мусофиркашонии «Шарки Дур» дар обҳои баҳри Охотск мувоҷеҳи шикаст гардид. Оид ба  муайян намудани сабабҳои асосии ғарқшавии сафинаи ҳомили мусофирон кормандони ниҳоди зидахл тафтишоти густурдаро ба роҳ мондаанд.
         Душанбе,10.04.2015. (АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи иттилои расонаҳои хабарии дохилии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз сабаби боришоти пай дар паи борон дар қисми шимолу шарқии Амрико оби дарёҳо баланд гардида, ба минтақаҳои аҳолинишин ҷорӣ шуд. Бар асари боришот аҳолӣ ва хоҷагии халқи қисми шимолу шарқии Амрико ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ гардид. Баландии сатҳи об дар баъзе маҳалҳо то ба як метр мерасад. Дар робита ба ҳолати ба амал омада, ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ гардид. То ҳол дар бораи оқибатҳои офати табиӣ маълумоти муфассал дастрас нагардидааст. 
 

Апрель 10, 2015 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад