Ҳар ҷавон бояд бохабар бошад
Душанбе, 1.04.2015.(АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Тибқи нақшаи муштараки Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 март дар хобгоҳҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дар байни донишҷӯён мулоқот баргузор гардид.
Иштирокдорони чорабинӣ ҷавононро барои таҳкими ҳисси худшиносиву ватандӯстӣ, баланд бардоштани маърифату ҷаҳонбинӣ, боло рафтани эҳсоси арҷу эҳтиром ба муқаддасот, арзишҳои волои фарҳанги миллӣ ва Ваҳдати миллӣ даъват намуданд.
Ҳамзамон ҷиҳати пешгирии гароиши наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву иртиҷоии динӣ ва мазҳабӣ ҷавонони гумроҳшуда, ки ба доми фиреб дучор шуда дар амалиёти ҷангии Сурия фавтидаанд, ибрози назар намуданд.
Аз ҷумла, дар доираи вохӯрӣ дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқию сиёсии занону духтарон, таҳкими ҳисси худшиносиву ватандӯстии наврасону ҷавонон ва баланд бардоштани маърифату ҷаҳонбинӣ, боло рафтани эҳсоси арҷу эҳтиром ба муқаддасот ва арзишҳои волои фарҳанги миллӣ, пешгирии никоҳҳои хешутаборӣ, вайроншавии оилаҳо, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, пешгирии касалиҳои сирояткунанда баррасӣ гаштанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






