Ҳашт голи беҷавоби «Истиқлол» ба дарвозаи «Парвоз»

Апрель 27, 2015 11:10

Душанбе, 25.04.2015. (АМИТ «Ховар», Меҳрони Қурбон).-Бозиҳои даври сеюми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи 24 апрел бо бозӣ байни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе — ва“Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд. Дастаи “Истиқлол” дастаи “Парвоз”-ро бо ҳисоби бузург 8-0 шикаст  дод.
Ёдовар  мешавем, ки  чаҳор бозии дигари даври сеюм рӯзи  25 апрел  баргузор шуд. Дастаи «Далерон-Ӯротеппа»-и Истаравшан дар майдони худ бар дастаи «Хайр»-и Ваҳдат бо ҳисоби 3-0, дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд бар дастаи ССКА «Помир»-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бар дастаи «Барқи тоҷик»-и Душанбе бо ҳисоби якхелаи 1-0 ғолиб омаданд. Хотиррасон  менамоем, ки дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа аз дастаи меҳмон — «Равшан»-и Кӯлоб — бо ҳисоби 0-1 шикаст хӯрд.
Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии се давр дар ҷадвали мусобиқа дастаи “Истиқлол” бо 9 имтиёз пешсаф аст. Дастаи “Регар-ТадАЗ” бо 7 имтиёз дар зинаи дуюм қарор дорад. Дастаҳои“Хуҷанд” ва“Хайр” 6 имтиёзӣ ба даст овардаанд. Бо назардошти таносуби беҳтари тӯбҳо “Хуҷанд” дар зинаи сеюм ва “Хайр” дар зинаи чорум чорум ҷойгир шудаанд.
 
 

Апрель 27, 2015 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш