Ҳавои моҳи апрел гарм мешавад
Душанбе, 13.04.2015. (АМИТ Ховар, Кристина Эрлих).- Имрӯз, 13 апрел, дар саросари минтақаҳои Тоҷикистон ҳавои камабр дар назар буда, ҳарорати ҳаво 27- 29 дараҷа гарм мешавад.Шабонарӯзи 14 апрел ҳавои камабр дар назар буда, шояд каме борон ва раъду барқ шавад.Ҳаво шабона 14 -16 дараҷа ва рӯзона 22- 24 дараҷа гарм хоҳад шуд.Ба гуфтаи ҳавошиносон, моҳи апрел гарм шуда , борони кӯтоҳмудат дар назар аст. Пагоҳ, 14 апрел, ҳаво рӯзона дар вилояти Хатлон 26- 28 дараҷа, вилояти Суғд 19- 23 дараҷа, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 26- 28 дараҷа, дар ғарби ВМКБ 17- 21 дараҷа, дар шарқи он 3- 5 дараҷа ва дар шаҳри Душанбе 23- 25 дараҷа гарм мешавад.Дар ин бора аз Хадамоти ҳавосанҷии Тоҷикистон ба АМИТ Ховар хабар доданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






