Ҳилларӣ Клинтон : «Мехоҳам қаҳрамони ИМА бошам»
Душанбе,14.04.2015. (АМИТ «Ховар».-Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии Би-Би-Си рӯзҳои охир ҳазорҳо нафар истифодабарандагони сомонаи интернетӣ дар шаҳри Венаи Австрия аз болои сомонаи «Фейсбук» ба додгоҳи ин кишвар шикоят бурданд. Онҳо сомонаи мазкурро барои поймол кардани қонунҳои аврупоӣ дар бораи махфӣ нигоҳ доштани сирру асрори истифодабарандагон айбдор меҳисобанд. Гуфта мешавад, ки агар даъвои ҷабрдидагон аз тарафи додгоҳ қонеъ шавад, пас «Фейсбук»-ро лозим меояд, ки ба ҳамаи онҳо дар ҳаҷми 500 евроӣ, дар маҷмӯъ 12,5 миллион евро пардохт намояд. Тибқи иттилои расида, аризаи даъвогӣ ба дафтари кории дар Дублин будаи «Фейсбук» ирсол шуд.
Душанбе,14.04.2015. (АМИТ «Ховар»).- Тавре ки вазири умури хориҷии собиқи Амрико Ҳилларӣ Клинтон дар як паёми кӯтоҳи видеоии худ гуфт: «Амрикоиҳо ҳар рӯз ба қаҳрамон ниёз доранд ва ман мехоҳам ки қаҳрамони ин кишвар бошам». Бояд гуфт, ки хонум Клинтон, рақиби Барак Обама дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико дар ҳафт соли пеш худро расман номзади интихоботи президентии 2016 дар Иёлоти Муттаҳида эълон кард.
Душанбе,14.04.2015. (АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи иттилои сухангӯи Пентагон Стив Воррен, гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии чандин моҳи охири неруҳои эътилоф бо раҳбарии Амрико ва ҳам амалиёти артиши Ироқ назоратро бар 17 ҳазор километри мураббаъ аз қаламрави Ироқ аз даст додааст.
Ӯ гуфт, неруҳои амниятӣ ва эътилофи ҳавоӣ «бешубҳа ба мавқеъҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” осеб расонда” ҳоло ин гурӯҳ тадриҷан ба қафо мегардад. Ба гуфтаи Воррен,дар Сурия ҷангиён нуфузи худро дар минтақаи атрофи шаҳри Кӯбонӣ, воқеъ дар марз бо Туркия аз даст дода, қаламравҳои атрофи шаҳри марказии Ҳомс ва пойтахт- шаҳри Димишқро тадриҷан зери назорат медароранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






