Ҳофизони Қуръони карим дар Душанбе ҷамъ меоянд
Душанбе, 22.04.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳифз ва қироати Қуръони карим» аз 1 то 4 майи соли равон дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам баргузор мегардад.
Кобилҷон Ҷалилов-мудири бахши равобити хориҷии Донишкадаи исломии Тоҷикистон дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки озмуни мазкур таҳти сарпарастии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир гардида, дар он шаҳрвандоне, ки синнашон аз 25 поён аст, ҳуқуқи иштирок карданро доранд.
Озмун дар риштаҳои ҳифзи кулли Қуръони карим бо риояи таҷвиду тафсири сураи “Бақара” ва “Оли Имрон”, ҳифзи кулли Қуръони карим бо зикри номи сураву рақами оят ва саҳифа, ҳифзи кулли Қуръони карим ва тафсири сураи «Нисо», «Моида», «Анъо», ҳифзи Қуръон бо матни “Чиҳил ҳадис”-и Имом Нававӣ, ҳифзи 20 пораи Қуръони карим бо риояи таҷвид баргузор мегардад.
Қобилҷон Ҷалилов афзуд, ки хоҳишмандон метавонанд, ҳуҷаттҳои худро то рӯзи 30 апрел ба Донишкадаи исломӣ пешниҳод кунанд. Ғолибони озмун бо туҳфаҳои хотиравию молӣ сарфароз гардонида мешаванд. Инчунин 6 — 7 май дар Маркази равобити «Пойтахт» даври ниҳоии озмун баргузор мешавад, ки дар он ғолибон иштирок хоҳанд кард.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






