Ҳунарнамоии «Базморо» дар Кувайт
Душанбе, 6.04.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар Кувайт Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон оғоз гардиданд. Ин чорабинии муҳими фарҳангӣ дар иртибот ба ифтихори 20 -умин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар ин кишвари арабӣ созмон дода шудааст.
Дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Кувайт намояндагони баландмақоми ҳукумат ва Вазорати корҳои хориҷии Давлати Кувайт, намояндагони ҳайати дипломатии муқими Кувайт, шахсиятҳои шинохта ва аҳли илму адаби Кувайт ширкат намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки ҷиҳати иштирок дар ин чорабинии фарҳангӣ аз Тоҷикистон овозхони ансамбли «Дарё»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Нигина Амонқулова ва ҳунармандони ансамбли рақсии «Базморо» ба Давлати Кувайт сафар намуда, бо барномаҳои ҷолиби мусиқӣ санъати волои тоҷиконро дар ин кишвари арабӣ муаррифӣ намуданд.
Ҳамзамон дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Кувайт ҳунарҳои миллии тоҷикон, таомҳои миллӣ, маҳсули дастони рассомон ва аксбардорони тоҷик ба намоиш гузошта шуданд, инчунин гӯшаи китоб ва адабиёти мухталиф, ки муаррифгари таъриху фарҳанги пурғановати тоҷикон ва зебоиҳои нотакрори диёри ҳамешабаҳорамон — Тоҷикистон аст, созмон дода шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






