Ҷаласаи ҳарсолаи БРО дар Боку
Душанбе,07.04.2015 (АМИТ«Ховар» Пайрави Қосим),- Дар ҷаласаи ҳарсолаи Шӯрои мудирони Бонки рушди Осиё дар мавзӯи «Мушорикат ба хотири рушд», ки аз 2 то 5 май дар шаҳри Боку баргузор мегардад, қариб 3 ҳазор нафар мансабдорони давлатӣ, тоҷирони бонуфуз, сармоягузорон, журналистон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок менамоянд.
Тавре, ки аз намояндагии Бонки рушди Осиё дар ҶТ хабар доданд, ҷаласаи ҳарсола бори нахуст да Қафқоз баргузор мегардад. Мавзӯи яке аз мубоҳисаҳои муфассал иборат аз густариши ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ дар дохили минтақаи мазкур ва Осиёи Марказӣ хоҳад буд.
Семенари мудирон имконоти рушди минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором, сиёсати кишварҳо дар бахши муҳити дохилию хориҷӣ ба манзури рушду густариши устувор ва коҳиши минбаъдаи қашшоқию камбизоатиро муҳокима менамояд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






