Ҷаласаи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон
Душанбе, 28. 04. 2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар ҷаласаи шашуми комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон, ки дар Вазорати энергетика ва захираҳои об баргузор шуд, ҳудуди 15 масъалаи муносиботи байни кишварҳо мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар кори ҷаласа масъулин аз сохторҳои гуногуни давлатии Тоҷикистон ва Туркманистон ширкат варзиданд. Гурӯҳи меҳмононро вазири молияи Туркманистон роҳбарӣ карда, раёсати ҷониби Тоҷикистонро вазири энергетика ва захираҳои об бар зимма дошт. Дар кори ҷаласаи шашуми байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон амалӣ гардидани муқаррароти ҷаласаи панҷум муҳокима шуда, самти ҳамкориҳои минбаъдаи миёни кишварҳо дар соҳоти гуногун барои солҳои оянда матраҳ мегардад.
Омор аз он дарак медиҳад, ки гардиши мол дар соли 2014-ум миёни Тоҷикистону Туркманистон 110,8 миллион долларро ташкил дод, ки ин нишондод дар муқоиса ба соли 2013-ум 7,5 дарсад камтар аст. Аз ин ҳисоб ҳудуди 1 миллион доллари он содирот ва боқимондааш, ки 109,8 миллион долларро дар бар мегирад, воридоти молу маҳсулот аз Туркманистон ба Тоҷикистон мебошад.
Инчунин дар кори ҷаласаи шашуми комиссия масъалаи таъсиси хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 килловолта аз Туркманистон ба Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт. Тавсия шуд, ки сохтмони хатти баландшиддати барқгузар, ки аз Туркманистон тавассути Афғонистон ба Тоҷикистон кашида хоҳад шуд, аз ҷониби мутахассисони ҳарду кишвар омӯхта шавад. Ҳамчунин масъалаи ҳамкориҳо дар соҳаи нафту гази моеъ мавриди таваҷҷуҳ буд. Комиссия тавсия кард, ки муносиботи дуҷониба дар ин самт амиқан омӯхта шуда, корҳо оид ба интиқоли маҳсулоти нафт аз Туркманистон ба Тоҷикистон ҷоннок шавад.
Кори ҷаласаи миёниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон дар зарфи ду рӯз дар Душанбе идома меёбад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






