Ҷаласаи Комиссияи давлатии кишвар оид ба ҳолатҳои фавқулодда
Душанбе, 13.04.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Имрўз дар ҳузури Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда баргузор шуд.Тавре таъкид карда шуд, соли 2014 дар мамлакат 67 ҳолати ҳодисаҳои табиӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 31 шаҳрванд ба ҳалокат расида ҳаҷми зарари расида зиёда аз 41 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар ҷаласа зарурати беҳбуд бахшидани кори комиссияи мазкур дар маҳаллҳо таъкид гардида, аз кори масъулони ситодҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, раисони шаҳру ноҳияҳои мамлакат изҳори норозигӣ карда шуд.Аъзои комиссия вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда аз ҷумла тармафароӣ, сел ва лағжиши ярч тадбирҳои зарурӣ андешида барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба нақшаи кории Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда таклифҳои асоснок пешниҳод намоянд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






