Ҷаласаи Кумитаи ҳарбии СААД дар Душанбе
Душанбе, 08.04.2015. (АМИТ “Ховар”,Сайидо Назаров ).- 8 ва 9 апрел бо роҳбарии раиси Кумитаи ҳарбӣ, сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон — муовини аввали вазири мудофиаи Тоҷикистон Шарифзода Зариф Тоҳирӣ ҷаласаи Кумитаи ҳарбии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор мегардад.
Дар ҷаласа муовини Дабири кулли СААД Валерий Семериков сухан мекунад.
Иштирокдорони ҷаласа ситезаҷӯӣ ва хавфу хатар ба амнияти ҳарбии манотиқи амнияти дастаҷамъиро таҳлил ва роҳҳои алайҳи онҳо дидани чораҳои заруриро муайян мекунанд.
Ҷаласаи Кумитаи ҳарбӣ дар арафаи иҷлосияи мақомоти расмии СААД, ки бояд моҳи майи соли ҷорӣ доир гардад, баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем ки Кумитаи ҳарбӣ дар назди Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои узви СААД таъсис ёфта, ба он сардорони ситодҳои генералии давлатҳои узви СААД ва сардори Ситоди муттаҳидаи он шомиланд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






