Ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии лоиҳаи САSA — 1000
Истамбул, 27.04.2015. (АМИТ «Ховар», Катерина Аксакова).- 24 апрел дар шаҳри Истамбули Туркия ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии лоиҳаи САSA — 1000 баргузор гардид.
Тавре ки аз Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Истамбул ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласа ҳайати Тоҷикистон иборат аз вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён, раиси ШСХК «Барқи тоҷик» Раҳматзода Рустам ва шахсони дигари расмӣ иштирок дошт.
Дар ҷараёни ҷаласа бархе созишномаҳои асосии лоиҳаи САSA — 1000, аз ҷумла Созишномаи асосӣ ва Созишномаи хариди нерӯи барқ, ҳамчунин созишномаи бебозгашт иборат аз 45 миллион доллари байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳодияи байналмилалии рушд имзо шуданд.
Системаи нави хатҳои интиқоли барқ, ки чор кишварро пайваст намуда, бо САSA — 1000 номгузорӣ шудааст, имкон медиҳад, ки захираҳои аз нигоҳи экологӣ поки гидроэнергетикӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба таври судманд истифода шаванд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






