Ҷаласаи Шӯрои байнипарлумонии ИДМ дар Санкт-Петербург

Апрель 16, 2015 14:08

     Душанбе,16.04.2015 (АМИТ «Ховар»  Марзия  Саидзода).- 16 ва 17 апрел дар шаҳри Санкт-Петербург   ҷаласаи  Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узви ИДМ бахшида ба 70 солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор шуда,  дар кори он раиси Кумитаи иҷроия-муншии иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев иштирок менамояд.
     Тавре ки аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд, роҳбарии ҳайати парлумонии Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ муовини аввали раиси палатаи поёнии Парлумони ҶТ Абдуҷаббор Азизӣ ба ӯҳда дорад. Аъзои Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонӣ даҳҳо масоили мубрамро баррасӣ намуда, ҳуҷҷатҳои тартибдодаи  онро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.
     Ба муносибати санаи фархунда – 70 солагии Ғалаба ду қонун -“Дар бораи абадӣ гардонидани хотираи ҳалокшудагони муҳофизи Ватан” ва “Дар бораи тарбияи ватандӯстӣ” таҳия шудаанд, ки ба муҳокимаи ассамблея гузошта мешаванд.
   Қобили зикр аст, ки Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ба ифтихори 70 солагии Ғалаба бархе чорабиниҳо, аз ҷумла, иқдоми “Сабқати хотира”-ро роҳандозӣ мекунад.
 

Апрель 16, 2015 14:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад