Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД дар Душанбе
Душанбе, 2.04.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор мегардад.
Дар ҷаласа вазирони корҳои хориҷии Арманистон Эдвард Налбандян, Беларус Владимир Макей, Қазоқистон Ерлан Идрисов, Қирғизистон Абдилдаев Эрлан Бекешович ва Русия Сергей Лавров иштирок хоҳанд намуд.
Вазирони корҳои хориҷӣ дар ҷаласа масъалаҳои муосири сиёсати байналмилалӣ ва иқдомотро ҷиҳати пешгирии хатар ва чолишҳои муосир дар минтақаҳои Амнияти дастаҷамъии СААД муҳокима хоҳанд кард. Барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД Намояндаи амалкунандаи САҲА/вазири корҳои хориҷии Сербия Ивича Дачич, роҳбари Маркази минтақавии СММ доир ба дипломатияи боздоранда дар Осиёи Марказӣ Мирослав Енча ва директори Маркази САҲА доир ба пешгирии низоъҳо Адам Кобератский даъват шудаанд.
Инчунин дар рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД тасдиқи нақшаи машварати намояндагони давлатҳои аъзои СААД дар ҷодаи сиёсати хориҷӣ, амният ва мудофиа дар нимаи дуюми соли 2015 ва нимаи аввали соли 2016 ба нақша гирифта шудааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






