Ҷаласаи шашуми Гурӯҳи корӣ
Душанбе, 20.04.2015. (АМИТ «Ховар»). — 17 уми апрели соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо дастгирии БРСММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи шашуми Гурӯҳи корӣ доир ба масъалаҳои ҳамоҳангсозии кор ҷиҳати татбиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба такмил ва рушди савдо, хӯроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ” таҳти роҳбарии муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Саидраҳмон Назриев баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ташкилотҳои байналмилалӣ ва бахши хусусӣ иштирок намуданд.
Вобаста ба семинари омӯзишие, ки 10 апрели соли 2015 бо иштироки мутахассисони бахши иқтисоди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, мақомоти дахлдор вобаста ба танзими савдо ва хизматрасонӣ, инчунин роҳбарони марказҳои калони савдо ва бозорҳои вилояти Хатлон, дар шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор гардид, маълумоти дахлдор пешниҳод шуд.
Сипас, оид ба раванди иҷрои корҳо роҷеъ ба таҳияи қоидаву тартибҳои савдо ва таҳияи феҳристи марказонидашудаи савдо ва манбаи иттилоотии маълумот шахсони масъул гузориш доданд.
Аз рӯи натиҷаи ҷаласа, ба шахсони масъул дастур дода шуд, ки то якуми майи соли ҷорӣ лоиҳаҳои тартиб ё қоидаи савдо, феҳристи марказонидашудаи савдо, инчунин ариза ва огоҳинома, ки бо назардошти намунаи давлатҳои Русия ва Беларус таҳия шудааст, ба баррасии Гурӯҳи корӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод намоянд.
Чорабинии мазкур дар асоси Созишномаи дутарафа байни Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва БРСММ дар доираи лоиҳаи минтақавии “Аврупои фарох: Мусоидати савдо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ” ташкил шуд.
Дар доираи ташаббуси мазкур БРСММ ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори мутахассисони вазорату идораҳои марбутаи кишвар мусоидат карда, саъю кӯшишро ҷиҳати ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкории шарикон дар татбиқ ва такмили қонунгузории кишвар дар соҳаи савдо дастгирӣ менамояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






