Ҷалби қувваи кории хориҷӣ дар ҶТ

Апрель 21, 2015 10:45

Душанбе, 21.04.2015. (АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Дар се моҳаи аввали соли 2015  ба 13 субъекти хоҷагидор иҷозатнома оид ба ҷалби хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби 888 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, аз  ҷумла 738 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин, 100 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Ветнам, 26 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Туркия, 9 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Юнон, 3 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон, 6 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии исломии Эрон, 3 нафар шаҳрванди давлати Мисри Араб, 2 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Украина, 1 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Урдун дар соҳаи сохтмони иншоотҳо ва истеҳсолот дода шудааст.
Бояд зикр кард, ки ширкатҳои номбурда дар баробари ҷалби 888 нафар шаҳрванди хориҷӣ ҳамчунин 3970 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷойҳои корӣ доимӣ таъмин менамоянд.
Дар самти пешгирӣ ва назорати муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатӣ ва будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ дар 25 ширкат амалиёти санҷишӣ гузаронида шуда, муайян  шуд, ки дар ин ширкатҳо 1730-нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба фаъолияти меҳнатӣ машғул буда, дар баробари онҳо 2780 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ширкатҳо ба ҷои кор таъмин шудааст.
 
 
 
 
 

Апрель 21, 2015 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд