Ҷалби ҷавонон ба варзиш
Роғун, 27.04.2015. (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).-Бо мақсади рушди соҳаи варзиш дар шаҳраки Роғун ва бедор намудани ҳисси ватандўстии ҷавонон чанде қабл бо ибтикори масъулини бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар мактаби таҳсилоти умумии №3 мусобиқаи гӯштини миллӣ миёни хонандагон баргузор гардид. Дар мусобиқа хонандагон аз чанд муассисаи таълимӣ иштирок доштанд. Мусобиқаи мазкур тибқи талаботи низомнома сурат гирифта, варзишгарон дар вазнҳои гуногун байни ҳамдигар қувваозмоӣ намуданд. Ҳамин тариқ, мактаби таҳсилоти умумии №3 ҷои якум, мактаби таҳсилоти умумии №17 ҷои дуюм ва мактаби таҳсилоти умумии №4 ҷои сеюмро ишғол намуд ва ғолибон аз тарафи бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳраки Роғун бо медалу ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






